Дар шаҳри Кокшетауи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон баргузор гардид
1 июн дар шаҳри Кокшетауи вилояти Акмолаи Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
Дар кушодашавии намоиш-фурӯш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва Ҳокими вилояти Акмола Марат Ахметжанов иштирок намуданд.
Намоиш-фурӯш бо мусоидати Сафорат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Агентии содирот ташкил карда шуда, дар он 26 номгӯи маҳсулот бо вазни умумии 130 тонна, аз қабили меваи тару тоза, сабзавоти мавсимӣ, шарбати меваю сабзавот, нушокиҳои ташнашикан ва меваҳои хушк ба сокинони вилояти Акмола пешкаш гардид.