Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд

Тоҷикистон ва Британияи Кабир тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ тақвият диҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин масъала зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон дар Душанбе муҳокима гардид.

Ҷонибҳо доир ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самти инноватсия ва технологияҳои иттилотӣ ва тақвияти ҳамкории муштарак ибрози андеша намуданд.

Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ниҳодҳои дахлдори Британияи Кабирро барои тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Дар анҷом ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE