Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад

Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нафту газ байни Тоҷикистон ва Русия зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз»-и Федератсияи Русия Иван Пётров дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни Ҷамъияти саҳомии «Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз» ва ширкати «Петролеум Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа тақвияти муносибатҳоро дар заминаи қонунгузории амалкунанда ва бо назардошти манфиатҳои ҳарду тараф ҷонибдорӣ намуд.

Мусоҳибон барои идомаи муколамаи судманд ва таҳияи нақшаи ҳамкории мушаххас изҳори омодагӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE