Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхайд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбони Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас арзёбӣ карда, густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимодро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурданд.

“Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва азхудкунии иқтидори гидроэнергетикии кишвар андешаронӣ намуданд.

Имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ муаррифӣ карда шуд.

Роҳбари давлат бо дарназардошти имкониятҳои муҳити табии Тоҷикистон, иштирокдорони ҳамоишро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ даъват намуданд.

Зимни таҳлили вазъи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм дар ҳама зуҳуроти он, инчунин бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази универсалии мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз ба имзо расид, дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самтҳои зикршуда боз менамоянд.

Пешвои миллат аз роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарони давлатҳои аъзо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” фаъолона пеш бурда мешавад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъи устувор ва тағйрнопазири Тоҷикистонро дар самти ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъйид намуданд.

Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки музокирот ва муколама роҳи ягонаи ҳалли ҳамаи буҳронҳо ва низоъҳо мебошанд.

Дар бахши фарҳанг тақвияти ҳамкории фарҳангию башардӯстона бо лоиҳаҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ амри муҳим дониста шуд.

Дар ин зимн аз шарикон даъват карда шуд, ки дар Форуми ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон зиёда аз бист сол аст, ки масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои обӣ, иқлим ва рушди устуворро пеш мебарад, аз ҷумла майдонҳои байналмилалии “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро рушд медиҳад.

Пешбурди ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” идомаи тадбирҳои башардӯстонаи кишвари мо номида шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳамёрии зичи кишварҳои “Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай”, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои шарики минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро таъкид намуданд.

Аз ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос ба сифати понздаҳумин шарики муколамаи Созмон истиқбол карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE