Дар Норак нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барзиёд иҷро гардид
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин барзиёд иҷро гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Ба муносибати гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар маркази шаҳр роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиши тантанавӣ таъкид гардид, ки нахустин рӯзи ҷалб ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват башорат медиҳад.