Дар Истаравшан маросими гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд маросими гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ баргузор гардид. Дар рӯзи аввали маъракаи даъват Ҷамоати деҳоти «Ниҷонӣ» ва кумитаи маҳаллаҳои «Дӯстӣ», «Имоми Аъзам» ва «Садриддин Айнӣ» нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд. Дар ин маврид аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби давлату ҳукумат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои будубоши афсарону сарбозон ва машқу тамрини онҳо тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шудааст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи бузурги ҳифзи истиқлолу озодӣ ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтааст.
