Дар Душанбе Рӯзи омӯзгорон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ба як зумра фаъолон ва пешсафони соҳа мукофоту унвонҳои соҳавӣ тақдим гардид. Инчунин иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2025» ва «Мураббии соли Тоҷикистон — 2025» бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғолибони ин озмунҳо бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимни ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистонро бо иди касбӣ шодбош гуфта, аз рушди соҳаи маориф ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.

Иброз гардид, ки барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд намуда, барои кормандони соҳа ва омӯзгорону хонандагон шароити хубу муосири кору зиндагӣ ва таълиму тарбияро пайваста фароҳам меорад.

Таъкид карда шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1 сентябри имсол маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 30 фоиз зиёд гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE