Имомзода бо Криста Пиккат масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардаст, муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Ин нукта 17 май зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат баён гардид.

Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр шуд, ки пешбурди масъалаҳои вобаста ба маориф яке аз самтҳои афзалиятноки шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб рафта, якчанд барномаву лоиҳаҳо анҷом дода шудаанд.

Ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар дохил ва хориҷи мамлакат конфронсу семинар ва дигар барномаҳо доир шуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои мазкур намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он даъват мегарданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки бо мақсади боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм ва татбиқи ҳадафи 4-уми Рушди устувор бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE