3 ҳолати интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба маблағи 58 100 доллари ИМА ошкор карда шуд

“Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти макомоти гумрук, ки бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуни муқаррар гаштаанду ба такмили маъмуригардонии гумрук равона шудаанд, тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои муайянеро анҷом додааст”-изҳор дошт, зимни нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримзода Хуршед. Инчунин зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пешгири аз ҳодисаҳои садамаҳои нақлиёти дар кишвар  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

Воридоти мол ба Тоҷикистон  2 740,1 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (2 325,4 млн. доллар) ба маблағи 414,7 млн. доллар ё 18% зиёд мебошад. Содирот бошад, ба 653,3 млн. доллар баробар шуда, нисбат ба соли гузашта (1 392,7 млн. доллар) ба андозаи 739,4 млн. доллар ё 53% коҳиш ёфтааст.  

 “3 ҳолати интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба маблағи 58 100 доллари ИМА ошкор карда шуда, аз рӯи ин ҳолатҳо бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои чиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.Дар давраи ҳисоботи 1 ҳолати интиколи ғайриқонунии маҳсулоти гӯштии пастсифат ва 1 ҳолати фурӯши молҳои муҳлати истеъмолашон гузашта (маҳсулоти қаннодӣ) ошкор ва бақайд гирифта шудааст. Нисбат ба ҳолатҳои мазкур бо моддаҳои 32 қисми 3, 294 қисми 2 ва 209 қисми 1 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ба тобеияти тафтишотӣ ирсол карда шуд”-изҳор гардид, зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумрук.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE