Туҳфаи Пешвои миллат ба Тоҷикобод расид
20 феврал корвони иборат аз 7000 китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Тоҷикобод расид. Ин китоб бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Тоҷикобод, ин туҳфаи арзишмандро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила тақдим менамоянд. Мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо қабул намуданд. Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят мекунад ва роҳи ояндаро мунаввар месозад.