Зафар Нозим – аламбардори санъати тоҷик
Хунёгари варзида, тасхиргари ҳазорон қалб, устоди чандин ситораҳои маъруфи санъати мусиқии тоҷик, оҳангсоз, овозхони саршинос, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим 2 июни соли 1940 дар деҳаи Ҳоити воҳаи Рашт ба дунё омада, дар оғӯши модари танҳо бо мушкилоту сахтиҳои зиёд ба воя расидааст.
Модараш яке аз бонувони фаъол, маорифпарвар ва сиёсатмадори варзидаи даври худ Валаъмат Мусоева мебошад. Ӯ дар байни 36 мард ягона зан буд, ки дар ҳайати дастгоҳи роҳбарикунандаи ноҳияи Ҳойит дар вазифаи мудири маориф, сардори таъминоти иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Ҳойит кор ва фаъолият намудааст. Аз ӯ ду фарзанди номдор боқӣ монданд, ки яке Артисти халқии Тоҷикистон Зафар Нозим, дигаре Рафоъат Нозимова, китобдори номӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, собиқ корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Соли 1938 Валаъмат Мӯсоева аз ҳисоби бонувони Қаротегин ҳамчун номзад ба вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод шуда, якдилона овоз гирифту интихоб гашт. Ӯ дар ду даъват солҳои 1938-1947 ва 1947-1951 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1960 ба нафақа баромада, 30 майи соли 1964 дар ш. Душанбе вафот кард.
Чун модар аз шумори сиёсатмадорон буду бешак ошиқи илм ва худ аз хурдӣ ба санъату фарҳангу адаб завқ дошт ва ин ба Зафари хурдсол бетаъсир намон. Меҳри санъату ҳунар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни XX ӯро ба саҳнаи калони ҳунар овард ва дар як муддати кӯтоҳ соҳиби шӯҳрати зиёд шуд. Овози қавию марғуладори ӯ ҳини сурудхонӣ саҳнаро ба ҷунбишу дилҳоро ба шӯр меовард. Ин оҳангсоз ва сарояндаи мумтоз соҳиби сурудҳои иаъруфи «Ай сорбон, оҳиста рон», «Эҳёи тоҷик», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо» ва даҳҳо чакомаи мондагори дигар аст.
Наздикону шогирдон мегӯянд меҳри ӯро ба санъат оҳангҳои ҳиндӣ бедор кардаанд. Бахусус, таронаҳои Раҷ Капур боис ба вориди саҳна шудани ин хунёгари мардумӣ шудааст. Далели ин андешаҳо оҳанги “Овора”аст, ки яке аз нахустин таронаҳои Зафар Нозим буда, бо лаҳни тоза ва зарби ҷолиб суруда шудааст.
Баъдан ҳамин меҳр ӯро соли 1959 ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон овард. Ба зудӣ маъруф шуд ва даҳҳо овозхони ҷавоне дар фазои санъати тоҷик зуҳур карданд, ки аз сабки ӯ пайравӣ менамуданду Зафар Нозимро устоди хеш мехонданд. Дар таъсиси дастаи фолклории “Чаман” ва гурӯҳи ҳунарии “Ганҷина” саҳм гирифт. Бо талошҳои пайвастаи ӯ ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис шуд ва роҳбари аввалинаш Зафар Нозим буд. Замоне сарварии Филармонияи давлатиро ҳам бар уҳда дошт.
Репертуари сурудаҳои ин мутриби мумтоз бою доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ, инчунин сурудҳои дигар халқҳои ҷаҳон ба мисли афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ, ӯзбекиро дар бар мегирад. Зафар Нозим муаллифи беш аз 100 суруд буда, таронаҳояш, ки ўро дар миёни мухлисон маҳбуб кардаанд, «Эй сорбон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон» ва «Васфи Тоҷикистон» мебошанд.
Сарнавишт ба ӯ бераҳмиҳои зиёдеро раво дидааст. Марги фарзандаш Соҳибқирони Нозим дар синни 34-солагӣ, ки низ аз пайравони ҳунари падар ва аз беҳтарин такмилгарони оҳангҳои тоҷикӣ дониста мешуд, барои Зафар Нозим хеле гарон гарон омад. Аммо ин талафоти сангин ӯро нашикаст. Пас аз 50 соли ҳунарнамоӣ низ устод Зафар Нозим бо иродаи қавӣ, дили гарм ва таронаҳои тоза назди мухлисонаш омад.
Устод замони дар қайди ҳаёт будан бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мамолики хориҷӣ аз қабили Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Югославия, Олмон, Австрия, Ҳиндустон сафарҳои эҷодӣ дошт. Муаттассифона, риштаи умри ин ҳунарманди маҳбуби дилҳо др синни 70 канда шуд ва устод рӯзи 3 августи соли 2010 бар асари як бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе ҷаҳонро падруд гуфт.
Устод Зафар Нозим ба унвонҳои муътабари Ҳунарманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон ва дар замони истиқлол бо нишонҳои «Шараф» ва «Дӯстӣ», «Ситораи Президент» мушарраф шуда, барандаи мукофоти пурифтихор – Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст.
Шогирдону ҳаводоронаш ӯро аз поягузорони асилу камтарин аламбардорони санъати тоҷик меноманд. Нақши ин ҳунарманди маҳбуб на танҳо дар рушди санъати тоҷик, балки дар ҳифзу покизагии забони тоҷикӣ низ бузург аст. Вазъи ногувори забон, хусусан дар охири солҳои 80-ум дар баробари дигар эҳёгарону ҳаводорони забони тоҷикӣ ин овозхони саршиносро бетараф нагузошт. Дар марҳалаи ба тасвиб расидани Қонун дар бораи забон бисёриҳо дар амри татбиқи он камбудиҳои зиёде ба чашм мерасиданд, махсусан ҷиҳати ҷуо кардани маблағ, вале Зафар Нозим пешниҳод кард, то хазинаи забони тоҷикӣ таъсис дода шавад. Хушбахтона, ин пешниҳод амалӣ гашт, ки феълан таҳти унвони “Бунёди забони тоҷикӣ” фаъолият дорад. 14 октябри соли 1989 анҷумани Муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) барпо гардид ва аввалин раиси Бунёд Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ интихоб гардид.
Ӯ аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки садҳо сарояндагонро ба ҷодаи ҳунар роҳнамоӣ намуда, як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”