Ҷаласаи пленари таҳти унвони “Шаҳрҳои оянда, бехатар, сабз ва ҳушманд”

Имрӯз дар доираи идомаи Форуми байналмиллалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025 “дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ҷаласаи пленари таҳти унвони “Шаҳрҳои оянда, бехатар, сабз ва ҳушманд” оғоз гардид. Дар кори он Бахтиёр Шарифӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва масъулини ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна иштирок доранд.

Бахтиёр Шарифӣ муовини раиси шаҳри Душанбе зимни баромади худ дар ин ҳамоиш изҳор дошт, ки имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи сарвари давлатамон ва ташаббусҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе дар радифи шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон комилан дигаргун гардидаву платформаи баргузории чорабиниҳои бузурги сиёсиву иқтисодиву фарҳангию варзишӣ гардидааст,ки мо сокинони он аз ин ифтихор дорем. Имрӯз мо кушиш мекунем ки Душанбе дар самти ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас ҳамчун шаҳрӣ дар оянда рушдкунанда, сабз ва ҳушманд боз ҳам тақвият ёбад. Дар ин замина мо ба ҳамкориҳои судманди пойтахтҳои ҳамсоякишварҳо равобити хубро боз ҳам идома медиҳем.

Нигинаи Давронзод

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE