Кӯмаки Ҳаёт Одинаев ва Қобилҷон Хушвахтзода ба бунгоҳи тиббии ноҳияи Муъминобод
Бо дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва ризоияти раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори ин донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода иқдом гирифт, ки ба бунгоҳи тиббии деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 15 адад миз, 30 адад курсиҳои мулоими замонавӣ ва маҷаллаҳои тиббӣ кумак карда шавад.
Ин иқдоми ҷавонмардонаи вакили Маҷлиси намояндагон ва ректори Донишгоҳи миллӣ дар роҳи мусоидат ба таъмини шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тиб ҷиҳати беҳдошти саломатии мардум ва пешгирии ҳолатҳои гирифтор шудани аҳолии деҳот ба бемориҳои сироятӣ аз таъкиду ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат манша гирифта, дар роҳи дастгирии аҳолии деҳот ва оилаҳои ниёзманд чораи хеле саривақтӣ арзёбӣ карда мешавад.