Панҷакент: Писарбачаи 14-сола трактори хурди ҳамакора ихтироъ кард (СУРАТГУЗОРИШ)

Хонандаи синфи 7 мактаби №14-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Дилшод Ойматов трактори хурд ихтироъ карда, номи онро «Трактори ҳамакора» унвон гузоштааст.

Дилшод ихтироашро барои даври вилоятии Олимпиадаи техникони наврас, ки 22 апрели соли равон баргузор шуд, пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб кард ва дар ҳайати даставии шаҳри Панҷакент сазовори яке аз 9 ҷойи ифтихорӣ гардид.

Ба гуфтаи Дилшод, ӯ трактори мазкурро дар муддати як сол бо падар ва устодаш сохтааст. «Мақсади сохтани ин мини-трактор он аст, ки мо ҳар сол ба хотири кишт ва ғундоштани ҳосил маблағи калон сарф мекунем, ки ба буҷаи оилаи мо зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтам  чизе ихтироъ кунам, ки ба оилаамон фоиданок бошад», — мегӯяд Д. Ойматов. Барои ихтирои ин трактор тақрибан 30 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Трактори ихтироъкардаи ӯ нуҳ намуди корҳоро анҷом дода, дорои ҳамворкунак (дарозиаш 150 см), чизел барои кофтани замин (дарозиаш 120 см, бараш 50 см ва чуқурии лимехҳои он 40 см), сартиракгирак (бараш 50 см ва чуқуриаш 40 см), сихмола (дарозиаш 120 см ва бараш 100 см), ҷӯягирак (дарозиаш 120 см, бараш 60 см ва чуқуриаш 40) см ва фреза ё таҷҳизоти резакунӣ(дарозиаш 120 см) мебошад.

  

Ин трактор ҳамчунин притсепи (тарёли) дорои 1 тонна борро мекашад ва борҳои вазнашон то 300 килограмро мебардорад.

Вазифаи трактори мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани заминҳои ҳаҷман хурд ва калон мебошад.

Ин навраси ихтироъкор ният дорад, ки дар оянда алафдаравак, чимзанак, картошкаканак ихтироъ кунад, ки бо газ кор карда тавонанд…

Чанде пеш АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, аз татбиқ нагардидани дастовардҳои ихтироъкорон изҳори нигаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.

«Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат ва илова карданд, — Мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем».

Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Лозим ба таъкид аст, ки ҳамасола ба хотири дарёфти ихтирооти нав ва ҷалби кӯдакону наврасон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли наврас бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд байни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилояти Суғд Олимпиадаи техникони наврас ташкил ва баргузор мегардад.

Аввалин маротиба олимпиадаи мазкур ҳанӯз соли 1968 аз ҷониби стансияи техникони наврас баргузор гардида, бетанаффус 53 сол инҷониб байни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят  доир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта аз рӯи ҷамъбасти даставии озмун дастаи шаҳри Панҷакент бо ишғоли 9 ҷойи ифтихорӣ дар вилоят мақоми аввалро соҳиб гардид.

Олимпиадаи имсола бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон  шудани солҳои 2020-2040  баргузор гардида, омодагӣ ба  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE