Сокинони ноҳияи Муъминобод соҳиби туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд

Дар доираи иқдоми фарҳангиву маънавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон расид.

Тибқи нақша, ин туҳфаи арзишманд ба 13 ҳазору 383 хонаводаи ноҳия дар 7 ҷамоати деҳот аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулони маҳаллӣ тақсим карда мешавад.

Ин иқдоми миллӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ба таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Сокинони Муъминобод ҳангоми соҳиб шудан ба ин туҳфаи пурқимат таъкид карданд, ки Пешвои миллат бо ин иқдоми фарҳангпарварона ба эҳёи арзишҳои маънавии гузаштагон ва таҳкими худогоҳии миллӣ саҳми бузург мегузоранд.

Иброз гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун рамзи хирад, мардонагӣ ва ватанпарастӣ ҳамеша илҳомбахши наслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд ва туҳфаи Пешвои миллат дар ҳақиқат гавҳари маънавии ҳар як хонадон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамин иқдоми маънавӣ соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Сарпарасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин озмун бо ҳадафи арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адабии ниёгон ва таҳкими ҳувияти миллӣ роҳандозӣ мегардад. Барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE