Малико,ҷашни Меҳргон омад! Пагоҳ дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад

Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт ҷашни фасли заррини тирамоҳ, ҷашни деҳқонон ва айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзию боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум- Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ҳамчунин дар ин рӯз «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» баргузор карда мешаванд.

Дар ҷашни Меҳргон ва дигар идҳои кишоварзӣ деҳқонон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ин ҷашн мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд, ки «Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашне аст, ки омилу заминаҳои муҳими табиӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то замони мо расонидаанд. Меҳргон мисли Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад».

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар мамлакатамон таҷлил карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE