9 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam -2025 иштирок мекунанд

 Аз 28 то 30 ноябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 оид ба намуди гӯштини ҷудо баргузор мешавад, ки дар он 9 паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 паҳлавони шинохта дохил аст, ки аз рӯйи 5 вазн байни мардон рақобат хоҳанд кард: Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило, Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев ҳарду дар вазни то 73 кило, Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кило, Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳарду дар вазни то 90 кило, Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳарду дар вазни то 100 кило дар ин мусобиқаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 беш аз 390 варзишгар (233 мард ва 157 зан) аз 53 давлат рақобат менамоянд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн байни занон доир мегардад.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра — 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ — 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Abu Dhabi Grand Slam 2024», ки моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE