Таҳти раисии намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ИДМ баргузор шуд
25 ноябр дар шаҳри Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни ҷаласа намояндагони доимӣ натиҷаҳои фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Заминро барои солҳои 2021–2024 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, аъзои шуро маълумотро роҷеъ ба фаъолияти Шурои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2019–2024 ба эътибор гирифтанд.
Ба иштирокчиёни нишаст оид ба масъалаҳои мубрами салоҳияти субъективии Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоот манзур гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

