Барно Саидвализода: зане, ки соҳибмаърифат аст, дар сохтани ҷомеа саҳм мегузорад
Занҳои матиниродаву соҳибмаърифат алҳол дар ҳама арса бо садоқати баланд фаъолият дошта, рӯи шонаҳои наҳифашон масъулияти роҳбарии мақому идораеро бардоштаанд. Ҳамсуҳбати сомонаи радиои “Садои Душанбе” ин навбат як нафар роҳбарзан аст. Ӯ бонуест, ки дар ҳама самт муваффақу комёб гаштаву зинаҳои гуногуни хизмати давлатиро гузаштааст ва саропо меҳрубону инсондӯст мебошад. оре, ҳамсӯҳбати навбатии мо Саидвализода Барно Саиднабӣ, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дорандаи рутбаи полковники милитсия.
Барно Саидвализода соли 1973 дар шаҳри Кулоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна бо олами орзуҳо ва дуои неки волидайн ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, бо муваффақият онро хатм намуд. Алҳол соҳиби дараҷаи илмии номзади илми ҳуқуқ буда, дотсент аст. Инчунин, бо забонҳои русиву англисӣ озод ҳарф мезанад.
Ин бонуи заҳматкаш шукрона аз ободиву осудагии диёр менамояд, ки барои занону бонувон имкониятхои бешумор фарохам овардааст ва онҳо метавонанд дар ҳама соҳа фаъолият намуда, ба халку ватан хизмат намоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар имрӯз занони мо дар соҳаи илм низ ба пешравиҳои зиёде ноил гардидаанд ва садҳо занеро метавон ном бурд, ки дар рушди илм корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Ҳамсуҳбати мо низ ба таҳқиқу пажӯҳиши илмӣ машғул шудааст. Самимият ва корнамоиҳои ин бонуро дида, бо мукофоту ифтихорномаҳо сазовор гардонидаанд. Ӯ аз комёбиҳо ифтихорманд аст, аммо онҳоро танхо обрӯи хеш намедонад, балки мегӯяд обрӯи хайати хамкасбонаш низ ҳаст.
“Имрӯз Хукумати мамлакат шароити зиёдеро барои насли ҷавон фароҳам овардааст, ки мо бояд омӯзем, ҳунар аз худ кунем, чунки дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ба монеаҳои он дучор нагардем. Дар ҳаёт ҳар нафар пайи нияту нақшаҳои махсус равона мегардад”, – мегӯяд Барнобону. Ҳамсуҳбати мо низ нақшаҳои зиёди ободониву созандагӣ дорад, ки барои амалӣ гардидани онҳо чораҳои заруриро андешида аст.
Бояд гуфт, дар тамаддуни куҳани мо мақом ва нақши модар муҳимтарин нақши ҳар зан мебошад. Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ ва роҳбарии дохили хона фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибкасб аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад. Ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.
САИДВАЛИЗОДА БАРНО САИДНАБӢ
Санаи таваллуд: 04.10.1973
Миллат: Тоҷик
Маълумот: Олӣ (соли 1996 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст)
Ихтиссос: Ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ: номзади илми ҳуқуқ, дотсент
Рутбаи ҳарбӣ: полковники милитсия
Донандаи забонҳои хориҷии русӣ, форсӣ ва англисӣ дар сатҳи муошират бқуа, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016, №723 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа
– 1993 – 1995 – Муфаттиши Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон (ш. Кӯлоб);
1995 – 1996 – Муфаттиши калони бахши тафтишотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон (ш. Бохтар);
– 1996 – 2002 – Муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе);
– 2002 – 2009 – Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе);
– 2009 – 2012 – Сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 2012 – 2014 – Муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 2014 – 2017 – Муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 2017 – 2018 – Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 2018 – 2020 – Муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 2020 – То ҳол – Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Умедаи САНГАЛӢ,
“Садои Душанбе”