Хуҷанд: зани 51-сола маъшуқи ҷавонашро корд зад
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд як занро бо гумони кордзанӣ дасгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки зан дар бохдоштгоҳ буда, марди маҷрӯҳ дар беморхона бистарӣ шудааст.
“Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд”, – омадааст дар гузориши манбаъ.
Дафтари матбуотии ВКД менависад, ки ҳодиса ҳанӯз 12 феврал тақрибан соатҳои 10:30 субҳ рух додааст. Гуфта мешавад, ки зани гумонбаршаванда дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамзисташ марди 39 – солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст. Сипас бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задаст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – менависад сомонаи ВКД ҶТ.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”