Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025»-ро тамошо намуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Намоишгоҳи саноатии байналмилалии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025»-ро, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, тамошо намуд, иттилоъ медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо дастовардҳои саноатии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, ки дар ин намоиш ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, шинос шуда, бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва муовини аввали Сарвазири Федератсияи Русия Денис Мантуров мулоқот намуд.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар саҳни намоишгоҳ ҳамзамон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати кӯтоҳ намуд. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори назар карда, ҳамкории саноатиро байни ду давлати дӯст муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати намоишгоҳ баҳои баланд дода, равобити дуҷонибаро дар самти саноат муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон