Вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон», бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ, дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти мониторингӣ» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зикр кард, ки Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро дар кишвар ба меҳвари асосии фаъолияти худ қарор дода, барои таълиму тарбияи дурусти онҳо ва ташаккули маънавияшон корҳои зарурӣ ва саривақтиро анҷом медиҳад. Дар ин замина қайд кардан бамаврид аст, ки қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар» ва таваҷҷуҳи асосӣ ба тарбияи дурусти кӯдакон яке аз сиёсати меҳварии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Артур Ван Дизен, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, дар ҷамъомади мазкур таъкид кард, ки ЮНИСЕФ ҳамеша дар самти дастгирии кӯдакон ва наврасон ба кишварҳо кумакҳои саривақтӣ мерасонад.

Дар мизи мудаввар иштирокчиён дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва қабули сайёри шаҳрвандон дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо, таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Тоҷикистон — мушкилот ва дурнамо, ҳамкории мақоми ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо дигар механизмҳои миллӣ, вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар муассисаҳои интернатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маърӯза ва нуқтаи назари худро пешниҳод намуданд.

Давронзод Нигина
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE