Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд

 2 декабр дар бинои Маҷлиси Олӣ мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Точикистон ба густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Муколамаи мунтазами сатҳи олӣ ва тамосҳои сиёсӣ ба густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

Дар ин раванд, ҳамчунин, нақши калидии парламентҳои ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байни Тоҷикистону Туркия таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Инчунин, атрофи масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ табодули назар анҷом дода шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE