Баргузории даври дуюми машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умон
28 марти соли 2023 дар Масқат даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал-Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.