Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки масъалаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва ҷалби сармоя дар солҳои 2026-2030 аз масъалаҳои асосии он буд.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия дар бораи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори мазкур, мушаххас намудани раванди иҷрои буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин, муайян намудани уҳдадориҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои масъулро вазифадор намуданд, ки таъмини босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути дарёфти сарчашмаҳои нав, чораҳои зарурӣ андешанд.

Сипас Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод ва савдо, доир ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дода, зикр намуд, ки мақсади асосии барномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва ёрии техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, амалисозии онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона мегардад.

Махсусан, ҷалби сармояи хориҷӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гашт.

Ба Барнома дар маҷмуъ 864 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи он 15,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии зиёд, аз ҷумла захираҳои об, маъдан ва металҳои нодир, иқлими мусоиду заминҳои ҳосилхез, зарфиятҳои бузурги сайёҳиву инсонӣ ва имкониятҳои хуби сармоягузорӣ мебошад.

Дар кишвари мо тайи солҳои охир барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва муносибатҳои бозорӣ як қатор ислоҳоти назаррас татбиқ гардида, ташаббусҳои сармоягузорону соҳибкорон барои ривоҷи сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул гардид.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд.

Супориш дода шуд, ки тарифҳои нави барқу гармӣ аз 1 феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад.

Ҳамчунин, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ шуд.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025, масоили зимистонгузаронӣ, расондани ёрӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои ниёзманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#МаҷлисиҲукумат#ЗаседаниеПравительства#GovernmentSessions

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE