Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Аз 4 то 9 июл дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карда, дар бораи хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои саҳроии аломатгузориро дар сарҳади давлатӣ идома медиҳанд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд. Дар поёни вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.