Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба ду миллиарду 63 миллион сомонӣ расидааст

Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба ду миллиарду 63 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024, 234,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 104 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2024, 8 намуди маҳсулоти саноатӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати якуми январи соли 2026 дар шаҳри Турсунзода 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 корхонаи саноатӣ зиёд аст. Дар ин бора Парвиз Акрамзода – раиси шаҳри мазкур имруз зимни нишасти матбуоӣ маълумот дод.

  Гуфта шуд, ки дар доираи иҷроиши нақшаи бунёдкории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Турсунзода  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии  459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз  423 иншоот бо маблағи 661,1 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар   иншооти  боқимонда корҳои сохтмонӣ  бомаром идома доранд.

Т.Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE