Таваррум 3,5 фоиз ва афзоиши 32,8-фоизаи пасандозҳо: натиҷаҳои муҳими низоми бонкӣ дар соли 2025
Соли 2025 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,5 фоизро ташкил дода, дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок нигоҳ дошта шуд. Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 15,4 фоиз устувор гардид ва меъёри бозтамвил то 7,5 фоиз поин бурда шуд.
Дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 59,2 млрд сомонӣ расида, нисбат ба соли қаблӣ 24,8 фоиз зиёд шуданд. Сармояи низом 26,2 фоиз афзоиш ёфта, ба 11,3 млрд сомонӣ баробар гардид. Бақияи пасандозҳо ба 33,9 млрд сомонӣ расида, 32,8 фоиз афзоиш ёфт, ки аз болоравии эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 30 млрд сомонӣ расида, 22,1 фоиз зиёд шуд. Аз ин маблағ 8,2 млрд сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.
Дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ 136 млн амалиёт ба маблағи 42,4 млрд сомонӣ анҷом дода шуд, ки аз рӯи шумора 47,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 17,7 млн адад расид.
Ҳамзамон, соли 2025 ба низоми бонкии кишвар 6,01 млрд доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, рейтингҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби “Standard & Poor’s” ва “Moody’s” бо дурнамои мусбат ва устувор тасдиқ шуданд.Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

