Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 5 млрду 526,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардид

Дар соли 2025 қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 5 млрду 526,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷроиши он 109,0% таъмин гардида, ба буҷети Агентӣ 6 млрду 023,6 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 497.0 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрду 109,9 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод- директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Ба гуфтаи масъулин, нақшаи маблағҳои андухтаи нафақавӣ дар ҷумҳурӣ 341 млну 071,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, воридоти он бошад 366 млну 559,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки иҷроиши он 107,5%-ро ташкил дода, нисбати нақшаи пешбинигардида 25 млн. 487,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.Т.Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE