Беш аз 724 млн сомонӣ ба буҷет барқарор шуд

Дар соли 2025 Агентӣ натиҷаҳои назарраси молиявӣ ва ҳуқуқӣ ба даст овард. Дар натиҷаи 467 тафтиш ва санҷиш 924,4 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, бо дарназардошти бақияи солҳои қаблӣ дар маҷмӯъ 951,2 млн сомонӣ барқарор карда шуд. Аз ин ҳисоб 724,3 млн сомонӣ ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 340,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.Ҳамзамон, 1979 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 1207 нафар ошкор шуда, 819 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1059 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардид.Барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба коррупсия нисбати 1644 нафар парванда оғоз шуда, ба маблағи 2,4 млн сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сулаймон Султонзода Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба рӯзноманигорон иттилооъ дод.Шукрона Насриддинзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE