Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи нави истеҳсоли равғани пахта бунёд мегардад, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдусаттор Қурбонов сохта шуда, иқтидори лоиҳавии иншоот дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва истеҳсоли 6 тонна равғанро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, тибқи лоиҳа корхона давоми сол беш аз 2 ҳазор тонна равған истеҳсол хоҳад кард.
Корҳои сохтмонии бинои асосии корхона ба анҷом расида, ҳоло дар қисматҳои дигари иншоот корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд.
Таҷҳизоти корхона аз Чин ворид гардида, хати истеҳсоли равған аз коргоҳҳои равғантозакунӣ, омода намудани зарфҳои пластикӣ ва бастубанд иборат мебошад. Маҳсулоти тайёр мутобиқи талаботи стандартӣ дар зарфҳои пластикии ҳаҷмашон 1, 2, 3 ва 5 литр бастубанд карда мешавад.
Бо ба истифода додани корхонаи нав зиёда аз 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Ҳоло дар ноҳия ду корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият мебарад, ки давоми соли 2025 зиёда аз 129 тонна равған истеҳсол намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

