Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Воситаҳои муосир ва ҳамаҷонибаи идоракунии партовҳои пластикӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид, ки зимни он таҷрибаҳои пешрафта дар самти ҷамъоварӣ, коркарди дубора ва иваз кардани мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ карда шуданд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои пластикӣ дар минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» баргузор гардид. Он ҷузъи татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат оид ба конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокголм мебошад. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷамъ омаданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои «Роҳбарӣ ва иштироки занон дар бахши идоракунии партовҳои пластикӣ», «Хатар ба саломатӣ аз маводи кимиёвии таркиби пластика бо тамаркуз ба таъсир ба занон ва кӯдакон», «Истифодаи ҳаррӯзаи маводи пластикӣ ва фарқият дар тарзи истеъмол» ва «Таҷрибаҳои пешрафта дар ҷамъоварӣ, коркарди дубора ва иваз кардани мавод барои кам кардани хатарӣ партовҳои пластикӣ» баррасӣ гардиданд.

Ин ҳамоиш қадами муҳим ба сӯи таҳияи харитаи роҳ барои Тоҷикистон аст, ки стратегияҳои идоракунии партовҳоро ба таври фарогир, устувор ва ба ниёзҳои ҷомеа ҷавобгӯ таъмин мекунад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE