Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб

27 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ, роҳҳои тавсеаи минбаъдаи он, такмили фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзуҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.

акс: ВКХ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE