Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ

Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо мақсади таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, боло бурдани маърифати ҳарбӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ шудааст.Дар доираи фестивал машқҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва омодагии ҷангӣ баргузор гардид, ки дар онҳо афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ маҳорату малакаи касбии худро ба намоиш гузоштанд. Ҷавонон аз наздик бо шароити хизмати ҳарбӣ, тартиботи низомӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ дар сафи Артиши миллӣ шинос шуданд. Машқҳои амалӣ, намоиши техника ва таҷҳизоти ҳарбӣ, инчунин барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба баланд гардидани рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон мусоидат менамоянд.Султонализода Ёқубҷон Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE