Душанбе: Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баррасӣ шуд
18 апрел муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳуқуқи маъюбон Сара Минкара, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, дар кишвар ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷ гузошта, доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад.
Зикр гардид, ки 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.
Мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳуқуқи маъюбон хонум Сара Минкара иброз дошт, ки ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон муҳокимаи ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон, пешравӣ дар самти тасдиқи Оинномаи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва имконияти мусоидат ба шуғли фарогир ва таҳсили ин табақа дар Тоҷикистон мебошад.