Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Душанбе
Имрӯз дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши идона бо иштироки рӯзноманигорон ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардид.Чорабиниро Матлубахон Сатториён Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, нақши матбуотро дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани маърифати мардум ва таҳкими фазои иттилоотӣ муҳим арзёбӣ карданд.Дар анҷом як қатор рӯзноманигорони фаъол барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди журналистика бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.Шарофиддин КаримовСадои Душанбе

