Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад

То соли 2029 Тоҷикистон истифодаи гидрофторкарбонҳо — газҳои дорои таъсири баланди гармхонаиро то 70 фоиз коҳиш медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба ин дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барномаи ҳамгиро оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва рушди сардкунии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардида, аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи калидии лоиҳа коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо — газҳои дорои таъсири баланди гармхонаӣ то 70 фоиз то соли 2029 мебошад. Ин тадбир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал мусоидат мекунад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа таваҷҷуҳи асосӣ ба якчанд самтҳои муҳим, аз ҷумла такмил додани заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, рушди иқтидори касбии мутахассисони соҳаи сардкунӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар равона карда мешавад.

Ҳамзамон дар раванди татбиқи лоиҳа ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҷалби фаъоли занон ба фаъолияти экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Лоиҳа барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ гардида, дар доираи механизми татбиқи миллӣ амалӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи муваффақонаи лоиҳа интизор меравад, ки сатҳи истеъмол ва ихроҷи гидрофторкарбонҳо коҳиш ёбад, иқтидори миллӣ дар самти сардкунии устувор тақвият пайдо намояд, сармоягузориҳои бахши хусусӣ ҷалб гарданд, инчунин пешрафти назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ таъмин карда шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён барои густариши ҳамкории минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE