Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда , шумораи вайронкунии қонуни танзим дар шаҳр ду баробар зиёд шуд
Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 44,6 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардидааст. Ҳамчунин, нисбати 205 нафар волидайн протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 40 ҳолати вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳолат ё 100 фоиз зиёд мебошад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

