Дилрабо Мансурӣ бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо мулоқот кард
Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони мамлакат мулоқоти аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки асри ХХ ба раванди ташаккули давлатдории миллати тоҷик такони бузург бахшидааст.
Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, роҷеъ ба рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни мардум сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Мижгон РАҲМОНЗОДА,
“Садои Душанбе”