Раҳматулло Фузайлов сармураббии «Ҳосилот» – и Фархор таъин шуд

Раҳматулло Фузайлов сармураббии нави дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор интихоб гардида, ин дастаро ба мавсими нав омода мекунад. Муколамаи роҳбарияти даста ва ин мураббӣ охирҳои моҳи феврали соли 2021 сурат гирифта, аввали моҳи март ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин Раҳматулло Фузайлов азм дорад, ки дар асоси пешниҳодоти роҳбарияти дастаи «Ҳосилот» ҳайатро аз ҷавонони маҳаллии ноҳияи Фархор таъсис диҳад. То оғози мавсими нав аз назаргузаронии бозингарон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор сурат мегирад. Инчунин дар назар аст, ки барои пурқувват намудани ҳайати даста дар рақобатҳои имсола якчанд бозингари соҳибтаҷриба низ ба даста даъват шаванд.

Мавсуф дар гузашта ҳамчун   бозингар дар дастаҳои  футболи «Помир»-и шаҳри Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва дар ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ба ҳайси сарбон фаъолият намудааст. Дар ин баробар ҳамчун бозингари соҳибистеъдод дар дастаи «Шиник»-и Ярослави Федератсияи Россия ва «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон футболи тоҷикро берун аз кишвар муаррифӣ намудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Раҳматулло Фузайлов дар гузашта сармураббии дастаҳои  ССКА «Помир»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE