Аксияи «Фидои дасти дуои модар» доир мегардад
Рӯзҳои 4—5 март бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Фидои дасти дуои модар» аксия ва иқдомҳои идона доир мегарданд.
Дар доираи ин иқдом ба шаҳрвандони мамлакат, хусусан ба ҷавонон муроҷиатнома ирсол карда мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ин ташаббус аксияи иттилоотӣ ва иқдоми хайриявӣ бо номи “Кумак ба Модар” роҳандозӣ гардида, субҳи барвақт бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир мегарданд.
Дар аксияи иттилоотӣ инчунин варақаҳои таблиғотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бонувон тақсим гардиданд. Дар доираи аксияи мазкур ҷавондухтарон хонаву дари бонувони бемор ва яккаву танҳоро рӯбучин ва тоза намуда, писарон бехҳои дарахтонро нарм ва барои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ қитъаи замини наздиҳавлигии онҳоро побел намуданд. Зимнан ба онҳо як миқдор маводи ғизоӣ низ расонида шуд.