20 август дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

20 август дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
Зимни мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки корҳои бардоштани сарбанд дар соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр ва пуркунии обанборро то сатҳи 1140 метр расонида шавад.
Дар робита ба ин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE