Рустами Эмомалӣ поккорони пойтахтро ҳавасманд кард

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷиҳати ҳавасманд намудани кормандзанони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин барои гузаронидани барномаи фарҳангӣ ба ин муносибат 3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид.

Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тибқи қарори мазкур муовинони раиси шаҳр – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки то 6 марти соли 2021 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағ ва туҳфаҳои ҷудошуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE