Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди неруи илмӣ баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас, тақвияти завқи онҳо ба донишомӯзӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиию дақиқ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

