Пагоҳ бархе роҳҳои марказии пойтахт баста мешаванд…
Пагоҳ бархе роҳҳои марказии пойтахт баста мешаванд
Фардо, 15-уми сентябр, аз соати 07:30 то соати 08:30-и субҳ ҳаракати мошинҳо тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулови шаҳри Душанбе қатъ карда мешавад.
Дар ин бора Бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе хабар дода, аз ронандагон хост, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода карда, аз таваққуфи бемаврид дар роҳи хиёбони марказӣ худдорӣ кунанд.

