4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Баъди ба истифода супоридани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ ва лавозимоти муосири соњавї, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ таъмин шудааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кўтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE