14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо соҳибкороне, ки ҳамаи ин иншоотро бунёд намуданд, ба онҳо барои саҳмгузории намоён дар ободонии диёр рушду пешрафти кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 18200 хонанда дар ду баст, 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 950 кӯдак, 4 корхонаи саноатӣ, 1 иншооти сайёҳӣ, 5 иншооти хизматрасонӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 3 сардхонаи замонавӣ бо иқтидори нигоҳдории 5300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, дар умум 60 иншоот бо таъсиси 1220 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Турсунзода бояд 460 иншоот сохта мешуд. То имрӯз 530 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 115% нақшаро ташкил медиҳад. Танҳо дар соҳаи маориф тайи 5 соли охир 78 муассисаи таълимӣ бо 52 ҳазор ҷойи нишаст ва 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3600 кӯдак сохта мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

