Мулоқоти Каримӣ бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ

9 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  дар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид Ал-Сақафӣ мулоқот намуд.

Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба унвони Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» доир ба Афғонистон, ки 30 марти имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорида шуд.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE