Борон меборад: пешгӯии обу ҳаво барои имрӯз

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад.

Тибқи маълумоти ин ниҳод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE