5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабноро ба истифода доданд.
Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

